Маҷлиси умумии ҳармоҳаи кормандони ААЯРБ
4 январи соли 2021 дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ ҷаласаи моҳиёна доир гардид, ки дар он масъалаҳои ҷорӣ ва нақшаҳои соли нав баррасӣ шуданд. Директори ААЯРБ Илҳом Мирсаидзода ба кормандон барои иҷрои мақсаду вазифаҳои соли 2020 изҳори сипос кард.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин муҳокима шуданд:
таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти озмоишгоҳи ХБРЯ;
таҳия ва тасдиқи оинномаи шуъбаи ХБРЯ;
таъмин ва хариди таҷҳизоти зарурӣ барои озмоишгоҳ;
омода кардани сметаи хариди таҷҳизоти офисӣ барои филиали ААЯРБ дар вилояти Суғд;
хариди дастгоҳи нав барои бахши хидматрасонӣ оид ба назорати шуоъбарории касбӣ;
ҷалби кормандони нав – биологҳо ба шуъбаи ХБРЯ;
риояи ҷадвали корӣ аз ҷониби тамоми кормандон;
иштироки кормандон дар бозиҳои ҳафтаинаи футбол баҳри тарзи ҳаёти солим;
ҷалби сармоягузорони хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои миллӣ;
баргузор намудани курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ дар самти амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ барои кормандони кор бо манбаъҳои радиатсионӣ.
Авлавиятҳои асосӣ барои соли 2021 аз ҷониби директор чунин муайян шуданд:
ба анҷом расондан ва ба истифода додани озмоишгоҳи ХБРЯ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ;
ба анҷом расондани сохтмони бинои филиали ААЯРБ дар вилояти Суғд;
иҷрои нақшаву вазифаҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои байналмилалӣ.
Директор Илҳом Мирсаидзода изҳори умед намуд, ки ҳамкориҳои судманд барои рушди устувор ва амалӣ шудани нақшаҳо идома хоҳанд ёфт.