Маҷлиси ҳармоҳаи клуби «Занони ҳастаӣ»
11 январи соли 2021 дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АЯРБ АМИТ) маҷлиси ҳармоҳаи аъзои Клуби “Занони ҳастаӣ” баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Клуб – Ҳакимова Нодира, директори АЯРБ АМИТ – Илҳом Мирсаидзода ва дигар аъзои Клуб иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
баррасӣ ва тасдиқи Оиннома;
интихоби санаи баргузории маҷлиси солона бахшида ба солгарди таъсисёбии Клуб;
интихоби санаи баргузории чорабинии фарҳангӣ — сафар ба осоишгоҳи кӯҳии Сафед-Дара;
интихоби санаи баргузории конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд.
Дар ҷараёни маҷлис лоиҳаи Оинномаи Клуб муҳокима ва қабул гардид, ки барои мувофиқа ва тасдиқи минбаъда ба ҳамаи аъзои Клуб ирсол мешавад.
Санаҳои зерин интихоб гардиданд:
5 марти 2021 — маҷлиси солона бахшида ба солгарди Клуб;
4 феврали 2021 — чорабинии фарҳангӣ, сафар ба Сафед-Дара;
25–27 июни 2021 — конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд.
Ҳамчунин, Аминова Фарида, муовини декан оид ба илм дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ба ҳайси муовини раиси Клуб интихоб гардид.
Дар интиҳои маҷлис, нишони нишони синаи Клуб ба аъзои нав супорида шуд.
Дар ҷамъбаст, директори АЯРБ АМИТ Илҳом Мирсаидзода ва раиси Клуб Нодира Ҳакимова ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъол миннатдорӣ баён намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкорӣ дар оянда низ самаранок хоҳад буд.