Маҷлиси ҳисоботии солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»
Дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии солонаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хирадмандон” дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои соли 2020 ҷамъбаст гардиданд.
Дар ҷамъомад Мирзозода Иброҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳамидиён Илҳомҷон – мудири бахши ташвиқот ва иттилооти КИМ ҲХДТ, Гулахмадзода Зулфиқор – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Раҳимӣ Фарҳод – раиси ташкилоти ибтидоии “Хирадмандон” ширкат варзиданд.
Фарҳод Раҳимӣ дар бораи фаъолияти ташкилоти “Хирадмандон” дар соли 2020 ҳисобот дод. Мирзозода Иброҳим таъкид намуд, ки ҲХДТ ҳамчун қувваи сиёсӣ дар даврони истиқлолият бо диди нав вориди саҳна шуда, дар муддати кӯтоҳ мавқеи муносиберо дар ҷомеа ишғол кард ва дар пешрафти кишвар саҳми назаррас гузошт.
Ҳамидиён Илҳомҷон қайд кард, ки ҲХДТ дар ташаккули шахсиятҳои ватандӯсту худогоҳ, бо масъулияти иҷтимоии баланд ва ҷаҳонбинии муосир саҳми муассир дорад. Дар ҷараёни ҷамъомад таъкид гардид, ки омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ ҷараён доранд.
Як қатор фаъолони ҳизбӣ, аз ҷумла директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Илҳом Мирсаидзода бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
