Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар ва солгарди клуби “Хонуми ядроӣ”
5 марти соли 2021 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” (8-уми март) ва солгарди таъсисёбии клуби “Хонуми ядроӣ” баргузор гардид.
Директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода намояндагони ҷинси латифро бо фарорасии иди занон самимона табрик намуда, зикр кард, ки иди 8-уми март ифодагари эҳтироми амиқ нисбат ба занон, рамзи ғамхорӣ, модарӣ ва меҳрубонӣ мебошад. Ӯ қайд кард, ки занон бо маҳорат на танҳо оила, балки кору фаъолияти касбиро ба роҳ монда, ба зиндагӣ маънои баланд бахшида, мардонро барои расидан ба мақсадҳо илҳом мебахшанд.
Дар суханронии худ директори Агентӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба меҳнати ҳалол, сабр, саҳми арзанда ва иштироки фаъолонаи занон дар пешбурди фаъолияти клуб арҷ гузошт. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки занон дар рушди илм нақши муҳиме доранд. Дар ин рӯзи зебо – Рӯзи Модар, директори Агентӣ ба ҳамаи иштирокчиёни клуби “Хонуми Ядроӣ” ва кормандони занбонуи Агентӣ умри дароз, саломатии бардавом, саодатмандӣ, хушбахтӣ, зебоӣ ва муҳаббати бештар орзу намуда, таманно кард, ки ҳамеша бо муҳаббат ва гармии дил зиндагии моро рангоранг намоянд.
Ҳангоми чорабинӣ, масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти клуб ва нақшаҳои минбаъда, аз ҷумла баргузории Конфронси дуюми байналмилалӣ таҳти унвони “Нақши занон дар илм, навоварӣ ва технология” баррасӣ гардиданд.
Сипас, ба раиси клуби “Хонуми Ядроӣ” – номзади илмҳои техникӣ Нодира Ҳакимова ва раиси Шӯрои олимони ҷавон назди АМИТ – номзади илмҳои биологӣ Мену Мамадюсуфова сухан дода шуд. Ҳакимова Нодира ҳамаи ҳозиринро бо ин рӯзи зебо табрик намуда, таъкид кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии клуб ҷалб ва шомилсозии насли наврас, хусусан духтарон ба илм мебошад. Мамадюсуфова Мену аз дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти Агентӣ, бахусус дар доираи ташкил ва баргузории конфронси “Нақши занон дар рушди илм, навоварӣ ва технология” изҳори сипос намуд.
Ба суханони табрикотӣ инчунин ҳамоҳангсозони миллӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии “Занон дар соҳаи атом” аз Федератсияи Русия, Украина, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамроҳ шуданд. Онҳо клуби “Хонуми Ядроӣ”-ро бо солгарди таъсисёбӣ ва шомилшавӣ ба WiN Global табрик намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ, аз номи директори Агентӣ ба ҳамаи иштирокчиён ба муносибати “Рӯзи Модар” тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуданд.