Маросими сангбонкунии бинои филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Маросими сангбонкунии бинои Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Бо мақсади иҷрои банди 9-и Нақшаи амали Шӯрои байниидоравӣ оид ба амнияти радиатсионӣ барои солҳои 2020–2021, ки аз ҷониби Раиси Шӯро, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2019 тасдиқ гардидааст, санаи 11 марти соли 2021 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ Илҳом Мирсаидзода ва Раиси шаҳри Бӯстон Рано Ҳошимзода, нахустсанги сохтмони бинои Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти радиатсионӣ», Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақоми давлатии танзимкунандаи соҳаи амнияти радиатсионӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар ин самт татбиқ менамояд. Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд ҷузъи ҷудонашавандаи сохтори Агентӣ мебошад ва аз соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Бо назардошти аҳаммияти таъмини амнияти радиатсионӣ дар вилояти Суғд ва назорати муассисаҳое, ки манбаъҳои радиоактивиро истифода мебаранд, зарурати ҷиддӣ ба бинои нави корӣ ба миён омадааст.
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соли 2021 татбиқи лоиҳаҳо оид ба барқарорсозии партовҳои истеҳсолоти уран дар шаҳрҳои Истиқлол ва Деҳмой ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади таъмини амнияти радиатсионӣ дар минтақа, филиали Агентӣ бояд мунтазам фаъолияти ин лоиҳаҳоро тавассути мониторинг ва арзёбӣ назорат намояд. Таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла спектрометрҳо, дозиметрҳо ва озмоишгоҳи сайёр, аз тарафи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ) ба маблағи зиёда аз 600 ҳазор доллари ИМА харидорӣ гардида, пас аз анҷоми сохтмон ба бинои нав интиқол дода мешаванд.
Қитъаи замин барои сохтмони филиали Агентӣ дар маркази шаҳри Бӯстон ҷудо шудааст ва ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмон дар давоми ду сол ба анҷом расонида шавад.
