Мизи мудаввар бахшида ба таъмини иҷрои супориши Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.2020 таҳти №18
18 марти соли 2021 Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки инчунин ҳамоҳангсози миллӣ оид ба татбиқи Конвенсия дар бораи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ (КБТО) мебошад, мизи гирд баргузор намуд.
Мақсади чорабинӣ муҳокима ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо ҷиҳати татбиқи моддаи 7 (банд 1), моддаи 11 (қисми 7), инчунин моддаҳои 12 ва 14 (қисми 2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти биологӣ ва ҳифзи биологӣ» аз 29 январи соли 2021, №1759 буд.
Дар мизи гирд намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳо, Агентии "Тоҷикстандарт", Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокимаҳо самтҳои афзалиятноки татбиқи қонун, аз ҷумла таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси низоми мониторинг ва ҷавоб ба таҳдидҳои биологӣ ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ таъкид гардиданд.