Сайри хонандагони литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осими ба Озмоишгоҳи АЯРБ НАНТ
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АМИТ барои хонандагони синфи 7-уми литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ экскурсия ба Лабораторияи хизматрасониҳои техникиро ташкил намуд. Ин чорабинӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020–2040)» бо мақсади ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ баргузор гардид.
Хонандагонро директори лаборатория, номзади илмҳои химия, Бахтиёр Баротов хайрамақдам гуфта, бо фаъолияти лаборатория шинос намуд.
Хонандагон бо таҷҳизоти муосири ченкунии маводҳои радиоактивӣ, дозиметрҳо, таҷҳизот барои муайян кардани маводҳои радиоактивӣ дар об, хок, ҳаво, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра шинос шуданд. Ба онҳо видеофилмҳои омӯзишӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд. Хонандагон ба фаъолияти лаборатория таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ бедор намудани шавқи хонандагони литсей ба ихтисосҳои техникӣ ва муҳандисӣ буд. Хонандагон ва омӯзгорон аз ташкили экскурсия изҳори миннатдорӣ карданд.