Оғози сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Маркази дастгирии оила ва кӯдак «Фарзанди Ватан»
8 апрел, дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Дар оғоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Зархолол бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдак «Фарзанди Ватан»-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити таълиму тарбия дар он шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, ҳоло барои таълим, тарбия ва табобат шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба нишони дастгирии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ғамхорӣ нисбат ба ятимон равона шудааст, бо ташаббуси зодагони ин диёр – академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов ва Маҳкам Аъзам Маҳмудзода бунёд гардидааст.
Дар Марказ тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ, таълим ва муолиҷаи 150 кӯдаки ятим, ки бе парасторӣ мондаанд ва аз бемориҳои гуногун ранҷ мекашанд, муҳайё мебошад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бино бо ҷалби сохтмончиён ва устоҳои маҳаллӣ бунёд шуда, иборат аз ду ошёна, таҳхона ва боми болошаванда (мансард) мебошад. Масоҳати умумии муфиди бинои марказ зиёда аз 1200 метри мураббаъ мебошад.
Дар дохили бино долонҳои васеъ, 5 ҳуҷраи корӣ, 4 хонаи хоб, 4 толори бозӣ ва машғулияти кӯдакон, 5 ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраи қабули рӯзона барои хизматрасонии иҷтимоӣ ва барқарорсозӣ ва ошхона мавҷуд аст.
Ҳавлии муассиса, боғ ва дигар биноҳои ёрирасон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саховатмандии соҳибкорон ободу зебо гардонида шудаанд.
Дар ҳавлии Марказ 2 ҳавзи оби ошомиданӣ ва обёрӣ бо ғунҷоиши 36 ва 12 метри мукааб, як майдончаи бозии кӯдакона дар замини регдор, 2 айвони баҳорӣ ва таваққуфгоҳ мавҷуд аст. Дар оянда дар ҳудуди Маркази дастгирии оила ва кӯдак бунёди майдончаи варзишии рӯйпӯшида дар назар аст.
Дар айни замон кӯдакон дар Марказ ҳам ба таври рӯзона ва ҳам доимӣ зиндагӣ ва муолиҷа мегиранд. Дар гурӯҳҳои рӯзона навъҳои гуногуни хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла таҳияи нутқи кӯдакон ва омодагии онҳо ба мактаб роҳандозӣ шудааст, ки айни ҳол 48 кӯдак фаро гирифта шудаанд. Аз инҳо 26 нафарашон дорои бемориҳои гуногун ва 17 нафари дигар бо маҳдудияти зеҳнӣ муолиҷа ва таълим мегиранд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак аз синни 1 то 7 сола нигоҳубин мешаванд. Ғайр аз ин, хизматрасонии «Мулоқот бо хона» барои деҳаҳои гирду атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шуда, мутахассисони Марказ ба хонаводаҳои дорои кӯдакони бемор омӯзиш медиҳанд, ки чӣ гуна корҳои тиббиро анҷом диҳанд.
Аз 48 мутахассисе, ки ҳоло дар Маркази дастгирии оила ва кӯдак фаъолият мекунанд, 18 нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси Институти ташхиси иҷтимоӣ-тиббӣ ва барқарорсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзидаанд.
Дар гурӯҳи рӯзона ва хонаҳое, ки ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, барои модароне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоанд ва нигоҳубини кӯдак зарур аст, хидмати махсуси «Истироҳат» ташкил шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот бо тарбиягарон ва дигар кормандони Марказ, Президенти мамлакат тавсия доданд, ки имкониятҳои муҳайёгардида ба таври самаранок истифода шаванд ва тадбирҳои муассир барои тарбияи дурусти кӯдакон, махсусан кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, андешида шаванд.
Ҳамчунин бо дарназардошти имконоти имрӯзаи муассиса ва иншооти бунёдшаванда, Пешвои миллат тавсия доданд, ки дар оянда Маркази дастгирии оила ва кӯдак дар шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байноноҳиявӣ истифода шавад.