Ҷаласаи навбатии клуби занонаи «Хонуми ядроӣ»
Ҷаласаи навбатии клуби занонаи «Хонуми ядроӣ» рӯзи 21.04.2021 баргузор гардид. Ҷаласаро директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ Мирсаидзода Илҳом ифтитоҳ намуд, ки омодагии Агентиро барои мусоидат ба баргузории Конференсияи дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши занони донишманд дар рушди илм, навоварӣ ва технологияҳо» тасдиқ кард. Баргузории он аввали моҳи июли соли 2021 дар Маркази таълимии Бонки миллии ҶТ дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст. Талабот ба таҳияи тезисҳо омода ва ба иштирокчиён ирсол гардида, инчунин дар сомона нашр мегардад.
Баъдан раиси клуб Ҳакимова Нодира ҳисоботи мухтасари семоҳаи аввалро пешниҳод намуда, пешниҳоди баргузории муаррифӣ дар мактабҳо ва литсейҳо барои кӯмак ба касбсозии ҷавонон ва дар донишгоҳҳо барои ҷалби мутахассисони ҷавон, махсусан духтарон ба пажӯҳишгоҳҳои илмиро ироа намуд. Пешниҳод дастгирӣ ёфт. Се иштирокчӣ қайд карданд, ки роҳбарияти мактабҳои фарзандонашон омодагии худро барои қабули аъзои клуб ба муаррифии касбҳо изҳор доштанд.
Директори Агентӣ инчунин ташкили экскурсияҳои хонандагон ба лабораторияҳои Шуъбаи хизматрасониҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва техникӣ-и АЯРБ-и АМИТ-ро дастгирӣ намуд.
Пешниҳоди иштирокчии клуб Ҳайдарова Азизахон дар бораи баргузории аксияи хайриявӣ барои Хонаи маъюбон ва пиронсолон дар шаҳри Регар пурра дастгирӣ ёфт. Чорабинӣ моҳи майи соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷом сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи АЯРБ АМИТ Олимҷон Азизов барои иштирокчиён дарси омӯзишии бақайдгирӣ дар сомонаи WiNGlobal гузаронид.