Семинари навбатии интерактивӣ дар мавзӯи «Чернобил — фоҷиаи асри XX»
Бо дарназардошти иҷрои супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба номи А. Фирдавсӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, семинари интерактивӣ таҳти унвони «Чернобил — фоҷиаи асри XX» бахшида ба 35-солагии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар хонандагону омӯзгорон ба саволҳои худ посухи пурра гирифтанд ва ба маърӯзаҳои кормандони Филиал таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба хонандагону омӯзгорон маълумоти зарурӣ доир ба таъсири радиатсионӣ фаҳмонда шуд ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим гардиданд.
Дар семинар маърӯзаҳо бо мавзӯъҳои зерин пешниҳод гардиданд:
Вазъи радиологӣ дар ҷаҳон имрӯз;
Чернобил — фоҷиаи асри XX;
Усулҳои ҳифзи аҳолӣ аз таъсири радиатсияи ионизант;
Тарзи истифодаи дурусти асбобҳои дозиметрӣ;
Филми ҳуҷҷатӣ дар бораи садамаи Чернобил.
Ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо — баланд бардоштани фарҳанги амнияти радиатсионӣ ва донишҳои марбут ба ҳифзи аҳолӣ аз радиатсия мебошад.
Мулоқот бо омӯзгорону хонандагони мактаби №23 шаҳри Хуҷанд бисёр ҷолиб ва хуб истиқбол гардид.
Чунин чорабиниҳо тибқи нақшаи муштараки Филиали Агентӣ ва Раёсати маорифи вилояти Суғд дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ амалӣ карда мешаванд.