Ҳимояи рисолаи номзадии корманди Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ НАНТ Шосафарова Шоира
Дар Институти мушкилоти об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 6 майи соли 2021 корманди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ НАНТ Шосафарова Шоира Гулмаҳмадовна рисолаи номзадии илмҳои техникиро бо мавзӯи: «Арзёбии дозаҳои таъсири радиатсионӣ ба гурӯҳҳои гуногуни касбии кормандони тиб ва аҳолии истиқоматкунанда дар манотиқи дорои хатарҳои радонӣ» дифоъ намуд. Рисолаи Шосафарова Шоира Гулмаҳмадовна дар шӯъбаи илмию тадқиқотии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ НАН Тоҷикистон иҷро гардидааст.
Рисолаи номбурда ба мавзӯи хеле муҳим бахшида шуда, дар он тадқиқоту арзёбии дозаҳои таъсири радиатсионӣ ба кормандони соҳаи ташхисоти радиатсионӣ, мониторинги индивидуалии дозаҳои таъсири радиатсионӣ ба кормандони ҳуҷраҳои рентгении поликлиникаҳои стоматологӣ, таҳлили муқоисавии таъсири радиатсионӣ ба гурӯҳҳои гуногуни касбии кормандони тиб, таҳлили додаҳои назорати индивидуалии дози радиатсионӣ ба кормандони Хадамоти гумрук, ки ба гурӯҳи «А» мансубанд, арзёбии дозаҳои таъсир аз сатҳҳои баландтари радионуклидҳои табиӣ дар манотиқи наздисарҳадии анборҳои партовҳои уран дар Тоҷикистон ва таҳия намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои рекультиватсияи манотиқи таъсирёфта аз фаъолияти уранмоҳӣ дар кишвар оварда шудааст.
Роҳбари илмии рисола доктори илмҳои кимиё, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, корманди калони илмии шӯъбаи илмию тадқиқотӣ ва таъминкунандаи техникии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ НАНТ Мирсаидов Ульмас Мирсаидович буд. Ҳадафи тадқиқот арзёбии дозаҳои таъсири радиатсионӣ ба гурӯҳҳои гуногуни касбии кормандони тиб ва аҳолии истиқоматкунанда дар манотиқи дорои хатарҳои радонӣ мебошад.
Муҳокимагарони расмӣ Абдуллаев Сабур Фузайлович, доктори илмҳои физика-математика, профессор, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физика-техникии ба номи С. Умарови НАНТ ва Тиллобоев Ҳакимҷон Иброҳимович, номзади илмҳои кимиё, дотсенти кафедраи кимиёи органикӣ ва татбиқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров буданд.
Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ кори илмии Шосафарова Шоиро ва тадқиқоти анҷомдодаро баланд арзёбӣ намуданд. Пас аз анҷом ба тавофуқ расиданд, ки ба Шосафарова Шоира дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дода шавад.