Тақдими расмии микроавтобусҳои САҲА ба Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии АМИТ
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии ғайриқонунии маводҳои эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ), Дафтари Барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе ду микроавтобусро ба Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АЯРБ АМИТ) тақдим намуд.
Маросими расмии супоридани мошинҳо имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳузури сафир Валериу Киверь ва доктор Илҳом Мирсаидзода, директори АЯРБ АМИТ баргузор гардид.
Супоридани воситаҳои нақлиётӣ як қисми кӯмакҳои пайвастаи САҲА ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қатъномаи 1540 (соли 2004) Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом, ҷузъҳо ва воситаҳои интиқоли он мебошад.
Нақлиёти тақдимшуда аз ҷониби гурӯҳҳои мобилии марказҳои шиносоии ХБРЯ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд. Ҳадафи умумӣ ин таъмини ҳамоҳангии бештар байни сохторҳои марбутаи давлатӣ (хадамоти гумрук ва сарҳад) ва марказҳои шиносоии ХБРЯ барои муайянсозии саривақтии маводҳои эҳтимолан хатарнок дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ мебошад.