Сафари коршиносони МАГАТЭ ба Муассисаи давлатии «Маркази илмии онкологии ҷумҳуриявӣ»-и ВТҲ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 31 май то 2 июн сафари се-рӯзаи коршиносони МАГАТЭ ба Муассисаи давлатии «Маркази илмии онкологии ҷумҳуриявӣ»-и ВТҲ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Коршиносон бо директори марказ Зафар Хусейнзода, инчунин бо онкологҳо-радиологҳо, физикҳои тиббӣ ва технологҳои шуъбаи табобати нурӣ мулоқот анҷом доданд.
Ин сафар дар доираи лоиҳаи миллии чаҳорсолаи МАГАТЭ TAD6007/08, ки ҳадафаш таъсиси хидмати минтақавии табобати нурӣ дар шимоли Тоҷикистон (вилояти Суғд) ва беҳтарсозии табобати нурӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, доир гардид.
Зимни боздид масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи ҷорӣ, ба анҷом расонидани марҳилаҳои он дар шуъбаи табобати нурии Душанбе, навсозии инфрасохтор, ташкили сафарҳои илмӣ ва сафари мониторинги МАГАТЭ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин, масъалаи омодасозии мутахассисони ҷавон дар марказҳои пешрафтаи онкологӣ ва татбиқи лоиҳаи нави TAD2020001 барои беморхонаи онкологии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2022–2025 баррасӣ гардиданд.