Курси навбатии омӯзишӣ дар мавзӯи «Гузаронидани тафтишоти миллӣ»
Аз 16 то 20 августи соли 2021 дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон курси навбатии омӯзишӣ таҳти унвони «Гузаронидани тафтишоти миллӣ» баргузор гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани ихтисоси инспекторони Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ (АЯРБ) назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва омӯзиши онҳо оид ба гузаронидани тафтишоти миллӣ мувофиқи созишномаҳои байналмилалии кафолат буд.
Курси омӯзишӣ барои инспекторони миллӣ аз Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва филиали АЯРБ дар вилояти Суғд бо дастгирии шарикон аз Барномаи байналмилалии таъмини кафолатҳои ҳастаӣ (INSEP) Вазорати энергетикаи ИМА/Идораи миллии амнияти ҳастаӣ баргузор гардид. Дар сухани ифтитоҳӣ доктор Илҳом Мирсаидзода, директори АЯРБ, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва миннатдории худро ба намояндагон ва ташкилкунандагони Вазорати энергетикаи ИМА/Идораи миллии амнияти ҳастаӣ дар доираи Барномаи байналмилалии ҳамкорӣ оид ба кафолатҳои ҳастаӣ (INSEP) барои кӯмак дар гузаронидани курси омӯзишӣ ва саҳми онҳо дар фаъолияти АЯРБ дар самти татбиқи кафолатҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт.
Барномаи курси омӯзишӣ мутолиаи муфассали мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирифт: асосҳои кафолатҳои байналмилалӣ, давраи сӯзишвории ҳастаӣ, нақш ва вазифаҳои МАГАТЭ дар татбиқи кафолатҳо, инчунин малакаҳо ва қобилиятҳое, ки ба инспекторони кафолатҳо барои иҷрои самаранок ва босифати вазифаҳои худ заруранд.
Рӯзи аввали курс бо муаррифии омӯзгорони АЯРБ оғоз ёфт, ки дар он иштирокчиён бо базавии қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Баррасии усулҳои ҷамъоварии маълумот, навиштани ёддоштҳо ва тартиб додани «Нақшаи тафтишот». Асосҳои фундаменталии кафолатҳои байналмилалӣ, истилоҳот ва натиҷаҳои ҷамъоварии маълумоти санҷишӣ барои тадқиқот баррасӣ гардиданд. Дар нимаи дуюми рӯз ба курси омӯзишӣ омӯзгорони INSEP (Барномаи байналмилалии таъмини кафолатҳои ҳастаӣ) ҳамроҳ шуданд ва муаррифии худро пешкаш карданд. Онҳо низ барои баргузории курси мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, ҳафтаи самаранок таманно карданд.
Ин курс барои инспектороне, ки дар гузаронидани тафтишот дар объектҳои бо маводи ҳастаӣ фаъоланд, хеле маълумотӣ ва муфид буд ва ба иштирокчиён донишҳои заруриро барои гузаронидани тафтишоти миллӣ таъмин намуд. Курси омӯзишӣ ба баланд бардоштани ихтисос, омӯхтани малакаҳо ва донишҳои зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои инспектор кӯмак расонд.
Дар охири курс ба ҳамаи иштирокчиён шаҳодатномаҳои хатми муваффақонаи курси омӯзишӣ оид ба «Гузаронидани тафтишоти миллӣ» супорида шуд.