Дидорбинии Директори Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ НАНТ бо намояндагони Барномаи амалҳо оид ба табобати саратон (ПДЛР) ва шӯъбаи ҳамкории техникии МАГАТЭ.
22 сентябри соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаи 65-уми Конфронси Генералии Агентии Байналмилалии Энержии Атодӣ (МАГАТЭ), мулоқоти Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Барномаи амал оид ба муолиҷаи саратон (ПДЛР) ва Шӯъбаи ҳамкориҳои техникӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои амалӣ гардидани нақшаи амал, ки онро соли 2012 ҳайати коршиносони Барномаи амал оид ба муолиҷаи саратон (ПДЛР) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони маҳаллӣ таҳия намуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, пешрафтҳо ва мушкилоти марбут ба банди иҷронашудаи нақшаи амал, инчунин нақшаҳо барои солҳои оянда муҳокима шуданд.
Ҳамзамон, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои миллии МАГАТЭ, ки дар марказҳои онкологии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд амалӣ шуда истодаанд, ва омодасозии лоиҳаи нав дар шаҳри Кӯлоб мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АМИТ ба намояндагони Барномаи амал оид ба муолиҷаи саратон (ПДЛР) ва Шӯъбаи ҳамкориҳои техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва оянда дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар низ як қатор чорабиниҳо ҷиҳати беҳтарсозии инфрасохтори марказҳои онкологии мазкур ба нақша гирифта шудаанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ қадамҳои минбаъда барои татбиқи самараноки лоиҳаҳои ҷорӣ ва оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд.