Ҷаласаи навбатии клуби бонувон «Хонуми ядроӣ»
28 декабри соли 2021 ҷаласаи навбатии клуби занонаи «Хонуми ядроӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи кӯтоҳе оид ба фаъолияти клуб дар соли 2021 пешниҳод гардида, инчунин нақшаи корҳои соли 2022 муайян карда шуд.
Ҷаласаро директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии назди АМИТ Илҳом Мирсаидзода оғоз намуд. Дар суханронии худ ӯ дастовардҳои асосии клубро дар соли сипаришуда қайд карда, дурнамои ташкили Шабакаи WiN Осиёи Марказӣ, ки занони соҳаи атомии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро дарбар мегирад, баён намуд.
Раиси клуб Нодира Ҳакимова дар гузориши худ оид ба мулоқотҳои узви клуб бо хонандагони синфҳои болоии Литсеи техникии ба номи М. Осимӣ ва Мактаби байналмилалии “Contofield”-и шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Мақсади ин мулоқотҳо кӯмак дар интихоби касб, ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон ба илмҳои дақиқ ва густариши дониши онҳо дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ буд.
Ӯ инчунин аз номи худ ва аъзои клуб ба кормандони Агентӣ, махсусан ба Илҳом Мирсаидзода барои кӯмак дар амалиёти хайриявӣ дар Хонаи махсусгардонидашудаи кӯдаконаи №1 шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ҷараёни ҷаласа нақшаҳои фаъолияти соли 2022 баррасӣ гардида, баргузории Конференсияи сеюми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши занон-олимон дар рушди илм, инноватсия ва технология» ҳамчун яке аз чорабиниҳои асосӣ зикр гардид.
Директори Агентии амнияти ХБРЯ Илҳом Мирсаидзода ва раиси клуб Нодира Ҳакимова ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаро бо Соли нави пешомада табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои эҷодии нав орзу намуданд.