Маросими расмии супоридани таҷҳизот барои муайянсозии COVID-19 ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
28 декабри соли 2021 маросими расмии супоридани таҷҳизот барои муайян кардани COVID-19 ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин таҷҳизот аз ҷониби Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) дар доираи лоиҳаи INT0098 барои тақвияти иқтидори миллӣ дар лабораторияҳои махсус таъиншуда дар мубориза бо пандемияи COVID-19 тақдим шудааст.
Илҳом Мирсаидзода — директори Агентии амнияти ХБРЯ-и НАНТ таҷҳизотро аз номи МАГАТЭ ба президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нурали Маҳмадулло ва директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Атовуллозода Раҷабмурод супурданд. Аз тарафи онҳо таъкид карда шуд, ки таҷҳизот дар ҷойҳои афзалиятнок насб ва самаранок истифода хоҳад шуд, то паҳншавии пандемияи COVID-19 кам карда шавад.
Ҳоло лабораторияи Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо кабинетҳо барои таҳқиқи бемориҳои сироятӣ ва зоонозҳо бо истифода аз усулҳои анъанавӣ (RBT, CR, IFA, реаксияи пайвастани комплемент, реаксияи пешипитация, реаксияи пешипитацияи диффузӣ, нейтрализатсия, гемагглютинация, реаксияи ингибитсияи гемагглютинация) ва усулҳои муосир (ELISA, real time RT-PCR), инчунин кабинетҳо барои ҷудо намудани бактерияҳо ва вирусҳо (боксҳои ҷудокунии бактерияҳо ва вирусҳо) муҷаҳҳаз аст.