Мулоқоти иштирокчиёни клуби бонувони «Хонуми ядроӣ»-и назди АХБРЯБ АМИТ бо хонандагони синфҳои болоии Литсеи техникии ба номи М. Осимӣ ва мактаби байналмилалии “Contofield”
10 декабри соли 2021 вохӯрии иштирокчиёни клуби бонувон бо номи «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ АМИТ) бо хонандагони синфҳои болоии Литсеи техникии ба номи М. Осимӣ ва мактаби байналмилалии «Contofield» баргузор гардид.
Мақсади асосии вохӯрӣ васеъ кардани ҷаҳонбинии хонандагон дар соҳаи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ, шинос кардани онҳо бо ихтисосҳои серталаби ин самт дар ҷумҳурӣ, ҷалб намудани ҷавонон, бахусус духтарон, ба илмҳои дақиқ ва кӯмак дар интихоби касби оянда буд.
Раиси клуби «Хонуми ядроӣ» Ҳакимова Нодира Умаровна бо пешниҳоди муаррифии Агентӣ баромад намуда, дар бораи сохтор, вазифаҳо, самтҳои асосии фаъолият ва корҳои илмию таҳқиқотӣ дар бахши коркарди маъдан ва партовҳои ураниум маълумот дод. Хонандагон ба баромад бо шавқ гӯш дода, саволҳои зиёд пешниҳод намуданд.
Пас аз мубоҳиса муовини раиси клуб Аминова Фарида Аминовна дар бораи Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) маълумот дод. Ӯ дар бораи ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ маълумот дода, видеоролике намоиш дод, ки факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳро муаррифӣ мекард. Баъд Усмонова Нигина Азимовна дар бораи факултаи филология ва фаъолияти фарҳангӣ-маърифатии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишгоҳ суханронӣ намуд. Хонандагон фаъолона иштирок намуда, саволҳо дода, ҷавобҳоро бо диққат гӯш карданд.
Чорабинӣ, ки бо мақсади равнақ бахшидани интихоби касби хонандагон гузаронида шуд, бобарор анҷом ёфт ва маълумоти муфид пешниҳод гардид.