Санҷиши фаъолияти МПР дар НҚТ «Фотехобод»-и ноҳияи Мастчоҳ
5 декабри соли 2021 мутахассисони Идораи миллии амнияти ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА (DOE/NNSA), Раёсати ошкор ва ҷилавгирии қочоқи маводи ҳастаӣ (NSDD) ва кормандони Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ АМИТ) якҷо бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳи сарҳадии «Фотехобод»-и ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд.
Ҳангоми боздид аз НҚТ «Фотехобод» фаъолияти мониторҳои порталии радиатсионӣ (МПР) ва иртибот бо маркази огоҳии изтирорӣ (CAS), инчунин истифодаи таҷҳизоти дастӣ барои ошкорсозии маводи радиоактив ва ҳастаӣ санҷида шуд.
Мутахассисони NSDD санҷиши ғайринақшавии таҷҳизоти насбшуда ва навсозии барномавии маркази CAS-ро анҷом доданд.
Ҳамзамон, доир ба баргузор намудани омӯзишҳои амалӣ барои истифодаи таҷҳизоти дастӣ ва рӯйхати лавозимоти зарурӣ барои гурӯҳҳои сайёри НҚТ «Фотехобод» муҳокима сурат гирифт.