Боздиди нуқтаи назорати гузаргоҳии «Гулистон»-и шаҳри Исфара барои нақшагирии насби мониторҳои порталии радиатсионӣ (МПР)
4 декабри соли 2021, ҳайати мутахассисони Вазорати энержии ИМА оид ба таҷҳизоти мониторҳои порталии радиатсионӣ (РПМ) ба нуқтаи назорати сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Дар вохӯрӣ мутахассисон аз Идораи миллии амнияти ҳастаии Вазорати энержии ИМА (DOE/NNSA), Идораи ошкорсозӣ ва пешгирии қочоқи ҳастаӣ (NSDD), кормандони Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ НАНТ), намояндагони Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин сардору кормандони нуқтаи назорати «Гулистон»-и шаҳри Исфара иштирок доштанд.
Дар ҷараёни ташриф масъалаҳои таҳияи нақшаи лоиҳа ва ҷойгиркунии мониторҳои порталии радиатсионӣ (РПМ) дар роҳҳои мошингард ва роҳравҳои нуқтаи назорати «Гулистон» баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, мутахассисон мавзеъгирии Маркази огоҳсозии ҳушдор (CAS)-ро баҳс намуданд, ки барои идораи самараноки сигналҳои ҳушдор ҳангоми ошкор, посух ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ, инчунин нигоҳдории маълумот дар нуқтаи назорати «Гулистон» нақши муҳим дорад.