Маросими супоридани таҷҳизот барои ошкор кардани контрабанди ҳастаӣ дар Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба пешгирии паҳншавии силоҳи нобудсоз ва назорати содирот барои кишварҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва Афғонистон.
Идораи Миллии Амнияти Ҳастаии Вазорати Энергетикаи ИМА (DOE/NNSA) ва Идораи Муҳофизат ва Пайгирии Контрабанди Ҳастаӣ (NSDD) ба нерӯҳои амнияти Тоҷикистон дар мубориза бо контрабанди маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ кӯмак мерасонанд. Ин хайрияи аввалин марҳалаи кӯмаки Вазорати Энергетикаи ИМА ба Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ (КДАМ) мебошад.
Таҷҳизоти ахир, ки ба КДАМ бо арзиши беш аз 1 миллион доллари ИМА супурда шудааст, аз системаҳои муосири мобилии ошкорсозии радиатсионӣ, системаҳои портативӣ ва сайёри ошкорсозӣ, воситаҳои назорат, маҷмӯаҳои тафтишоти нақлиёт ва ҳамчунин омӯзишҳо ва нигоҳдории техникӣ иборат аст, ки фаъолиятҳои КДАМ-ро дар мубориза бо контрабандо дар саросари кишвар пурзӯр мекунанд.
Идораи Миллии Амнияти Ҳастаии Вазорати Энергетикаи ИМА таҷриба, дониш ва асбобҳои васеъро барои дастгирии шарикон дар таҳияи барномаҳои миллии мукаммали ошкорсозӣ барои пешгирӣ ва боздошти ҳаракати ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ пешниҳод мекунад.
Ба ғайр аз ҳамкории нав бо КДАМ, Идораи Миллии Амнияти Ҳастаии Вазорати Энергетикаи ИМА бо Хадамоти гумрукӣ, Хадамоти сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии Амнияти Кимиёвӣ, Биологӣ, Радиатсионӣ ва Ҳастаии Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ НАНТ) барои рушди минбаъдаи қобилияти Тоҷикистон дар мубориза бо контрабанди маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ ҳамкорӣ мекунад.