Маросими расмии супоридани техника ба Хадамоти сарҳадии КДАМ ҶТ аз номи Вазорати энергетикаи ИМА
7 феврали соли 2022 маросими расмии супоридани техника ба Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои Нақшаи миллии амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти СММ баргузор гардид.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ дастгоҳҳои иртиботии қабул ва интиқол (стансияҳои радиоӣ)-ро барои истифодаи кормандон, инчунин барои насб дар воситаҳои нақлиёти Хадамоти сарҳадии КДАМ ҶТ аз номи Вазорати энергетикаи ИМА супорид.
Ин кумаки техникӣ дар доираи лоиҳаи Идораи ёфт ва пешгирии қочоқи маводи ҳастаӣ дар назди Вазорати энергетикаи ИМА бо мақсади таъмини амнияти сарҳадҳои сабз амалӣ гардид, ки ҳадафи он таҳкими зерсохтори Хадамоти сарҳадии КДАМ ҶТ дар тӯли сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мебошад.
Вазорати энергетикаи ИМА аз соли 2013 бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи ҳастаӣ ва радиологӣ ҳамкории зич дорад.
Лоиҳаи чандмиллиондолларӣ фарогири расонидани либосҳои махсус, таҷҳизот барои гузаронидани амалиёт дар шароити кӯҳӣ, либосҳои муҳофизатии махсус барои безараргардонӣ, таҷҳизоти биниши шабона, дурбинҳо, монокулҳо, дастгоҳҳои иртиботии радиоӣ, мошинҳои ҳарбии махсус, воситаҳои нақлиётии гуногун, аз ҷумла микроавтобусҳо бо таҷҳизоти махсуси ҳассос барои дастгирии амалиётҳои зиддиқочоқ ва ошкору пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивиро дар бар мегирад.