ИНТИХОБИ НОМЗАДОН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 27 декабри соли 2021 озмунро барои вазифаҳои зерин эълон намуд:
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 27 декабри соли 2021 озмунро барои вазифаҳои зерин эълон намуд:
муовини директор оид ба илм ва маориф (доктор ё номзади илм);
котиби илмӣ (доктор ё номзади илм);
директори филиали АХБРЯБ АМИТ;
роҳбари шуъбаи таҳқиқоти илмӣ (доктор ё номзади илм);
сардори шуъбаи лицензия, назорат ва бартарафсозии ҳодисаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (доктор ё номзади илм);
мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва бо ҷомеа (доктор ё номзади илм);
мудири бахши назорати радиатсионии меҳнат (номзади илм);
мудири бахши назорати радиатсионии беморон ва аҳолӣ;
менеҷери бахши маориф ва омӯзиш;
менеҷери бахши хизматрасониҳои махсус.
Қобили зикр аст, ки 7 феврали соли 2022 роҳбари Шӯрои илмии Агентӣ Илҳом Мирсаидзода дар бораи интихоб ва пешниҳоди довталабон ба вазифаҳои зикршуда суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастрас шуда, барои ишғоли вазифаҳои зикршуда пешниҳод гардидаанд. Пас аз он ҳар як довталаб мухтасар фаъолияти илмии худро ва дурнамои кори худ дар ин вазифаҳо муаррифӣ намуд.
Барои гузаронидани раванди овоздиҳӣ комиссияи ҳисоботӣ ташкил карда шуд. Пас аз таъсиси комиссия, аъзои Шӯро тариқи овоздиҳии пӯшида довталабонро арзёбӣ намуданд. Дар натиҷаи овоздиҳии махфӣ довталабони сазовор ба вазифаҳои зикршуда интихоб гардиданд.
Дар анҷом Илҳом Мирсаидзода ҳамаи шахсони интихобшуда ба вазифаҳои ишғолнамудаашон табрик гуфта, ба онҳо супоришу дастурҳои мушаххас оид ба бозомӯзии кадрҳо, тарбияи ҷавонон тавассути заноне, ки дониши мукаммали замонавӣ доранд, пешниҳод намуд ва таъкид кард, ки ҳар кас бояд содиқона ва бо масъулияти баланди инсонӣ манфиатҳои миллату давлатро аз дигар манфиатҳо боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намояд.