Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги радиатсионӣ
Баъйни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги радиатсионӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошти мазкур имконияти густариши ҳамкориро дар самти мониторинги радиатсионӣ ва мубодилаи мутақобилаи маълумот дар бораи вазъи радиатсионӣ дар кишвар дар доираи кӯмаки техникии Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) дар доираи лоиҳаи «IAEA Project TAD9008» фароҳам меорад.
Бо мақсади таъсиси низоми мониторинги радиатсионӣ Кумита, Агенти Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) тавассути ҳамоҳангсози миллӣ — Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба КҲФ таҷҳизоти заруриро ба маблағи умумии 169 ҳазору 400 евро супорид.
Таҷҳизоти таҳвилшуда иборат аз системаҳои мониторинги радиатсионӣ «SpectroTRACER»-и истеҳсоли ширкати «Bertin GmbH» (Олмон) буда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб насб мегарданд, то назорати пайвастаро аз болои вазъи радиатсионӣ дар кишвар таъмин намоянд.
Системаи мониторинги радиатсионӣ «SpectroTRACER» барои истифода дар самти мониторинги радиатсионӣ тибқи Лоиҳа пешбинӣ гардида, барои ҳалли вазифаҳои Саридораи ҳифзи аҳолӣ, Маркази идоракунии ҳолатҳои изтирорӣ ва Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии химияви-радиометрии КҲФ истифода бурда мешавад.