Хадамоти давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷҳизоти махсус барои ошкоркунии маводҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ гирифт.
18 феврали соли равон маросими расмии супоридани таҷҳизот ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои Нақшаи миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид №1540 баргузор гардид.
Директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ, техникаи махсуси муҷаҳҳаз бо детекторҳои ҳассос барои ошкор намудани маводҳои ҳастаӣ ва радиоактивиро барои истифодаи кормандони КДАМТ ба номи Вазорати энергетикаи ИМА супурд.
Ин кӯмаки техникии махсус дар доираи лоиҳаи амнияти “Сарҳадҳои сабз” пешниҳод шуда, бо ҳадафи тақвият додани инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳади кишвар бо Афғонистон мебошад.
Лоиҳа бо арзиши чанд миллион доллари ИМА амал мекунад ва дар доираи он либоси махсус, ҷилди тан, таҷҳизот барои амалиётҳо дар манотиқи кӯҳӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ барои тоза кардани минаҳо, дастгоҳҳои шабнамо, дурбинҳо, монокулярҳо, дастгоҳҳои қабул ва фиристодани сигнал (радиостансияҳо), нақлиёти махсуси ҳарбӣ, мошинҳо ва маршруткаҳо бо таҷҳизоти ҳассос барои муайян кардани нақлиёти ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ ва бисёр дигарҳо пешниҳод мешаванд.