Курси омӯзишӣ барои котиботи матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии баъзе ноҳияҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба иттилоотрасонӣ ба мардум дар масъалаҳои рекултиватсияи анборҳои партовҳои радиоактивӣ.
Дар доираи татбиқи Консепсияи миллии рекултиватсияи анборҳои партовҳои радиоактивии истеҳсоли уран дар Маркази таълимии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Ғулистон, вилояти Суғд аз 21 то 23 феврали соли равон курси омӯзишӣ барои котиботи матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии баъзе ноҳияҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба иттилоотрасонӣ ба мардум дар масъалаҳои рекултиватсияи анборҳои партовҳои радиоактивӣ баргузор гардид.
Ба шунавандагони курс хусусиятҳои иттилоотдиҳӣ дар бораи лоиҳаҳои рекултиватсияи анборҳои партовҳои радиоактивӣ ва инчунин фаҳмиши аҳолӣ дар масъалаҳои амнияти радиатсионӣ фаҳмонида шуд. Тренинг аз ҷониби Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо пуштибонии САҲА дар доираи лоиҳаи «Ҷалби тарафҳои манфиатдор барои барқарорсозии объектҳои мероси ураниюмӣ дар Осиёи Марказӣ, Мараҳилаи II» гузаронида шуд.
Гумон меравад, ки соли 2022 корҳои рекултиватсияи анборҳои партовҳои радиоактивӣ дар майдони «Табошар»-и шаҳри Истиклол, вилояти Суғд оғоз ёбад ва котиботи матбуотӣ аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдорро дар бораи рафти татбиқи ин лоиҳаҳо огоҳ хоҳад кард.