Мулоқот бо намояндагони аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиклол вилояти Суғд оид ба иттилоотрасонӣ ба ҷомеа дар масъалаҳои реабилитатсияи партовҳои радиоактивӣ.
Дар доираи татбиқи Консепсияи миллии «Реабилитатсияи партовҳои радиоактивӣ» дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиклоли вилояти Суғд 24-25 феврали соли 2022 вохӯрӣ бо роҳбарони ҷомеа ва ҷонибҳои манфиатдори шаҳри Истиклол баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазъи ҳозираи партовгоҳҳои радиоактивӣ дар Истиклол баррасӣ шуда, иштирокчиён бо лоиҳаҳои дарпешистодаи реабилитатсия ошно шуданд.
Зикр шуд, ки ҷалби аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ба корҳои барқарорсозӣ яке аз чорабиниҳои муҳимтарини реабилитатсияи минтақаҳои ифлос мебошад. Раисони ҷамоатҳо корҳои ташвиқотиро дар миёни мардум дастгирӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки варақаҳои иттилоотӣ омода ва ба роҳбарони ҷомеа тақсим карда шаванд. Яке аз масъалаҳои дигар дастрасии пурраи аҳолии Истиклол ба оби нӯшокӣ ва пешгирии истифодаи оби ифлосшуда бо радионуклидҳо мебошад. Бо ин мақсад лоиҳаи нави Комиссияи Аврупо оид ба сохтмони хатти оби нӯшокӣ аз манбаи нави маъданкашӣ муаррифӣ гардид.
Ин вохӯрӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо пуштибонии Дафтари САҲА дар Душанбе дар доираи лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба ҳалли мушкилоти партовҳои ураниюмӣ дар Осиёи Марказӣ, Мараҳилаи II» ташкил карда шуд.
Гумон меравад, ки соли 2022 корҳои реабилитатсия дар ноҳияи Табошари шаҳри Истиклол, вилояти Суғд оғоз ёбанд.