Маросими расмии супоридани техника ба Хадамоти Марзбонии КДАМ ҶТ
8 апрели соли 2022 маросими расмии супоридани техника ба Хадамоти Марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қарори 1540-и Шӯрои Амнияти СММ баргузор гардид.
Дар маросим ҷаноби Кевин Рошдиех аз Идораи ошкор ва пешгирии қочоқи моддаҳои ҳастаӣ Вазорати энергетикаи ИМА, Муовини якуми Раис — Қомондони Қувваҳои Марзбонии КДАМ ҶТ, генерал-полковник Раджабали Раҳмоналӣ ва Илҳом Мирсаидзода, Директори Агентии химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии амният, ҳамчун координатори миллӣ иштирок доштанд. Ба Қувваҳои Марзбонии КДАМ ҶТ воситаҳои назорат, санҷиш ва тактикӣ барои тақвияти амнияти марз бо Афғонистон супурда шуд.
Ин ёриҳои техникӣ дар доираи лоиҳаи Идораи ошкор ва пешгирии қочоқи моддаҳои ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА оид ба таъмини амнияти "марзҳои сабз" пешниҳод гардид, ки ба тақвияти инфрасохтори Хадамоти Марзбонӣ дар марз бо Афғонистон равона шудааст. Вазорати энергетикаи ИМА аз соли 2013 бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводҳои ҳастаӣ ва радиологӣ ҳамкории зич дорад.
Лоиҳа бо арзиши чанд миллион доллари ИМА интиқоли формҳои махсус, таҷҳизоти амалиётӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, формҳои махсуси муҳофизатӣ барои разминиятсия, асбобҳои шабнамоӣ, биноклҳо, моноклҳо, дастгоҳҳои қабул ва интиқол (радиостансияҳо), автомашинаҳои низомӣ, мошинҳо, маршруткаҳоро, ки таҷҳизоти ҳассоси дастгирӣ барои амалиётҳои мубориза бо қочоқ ва ошкор ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ дар онҳо насб шудааст, дар бар мегирад.