Мулоқот бо намояндагони вазоратҳо ва идораҳо барои омодагӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои Барномаи TC МАГАТЭ барои давраи 2024-2025
13 апрели соли 2022 дар толори конфронсии Агентӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ мулоқот бо намояндагони вазоратҳо ва идораҳо барои омодагӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои Барномаи Ҳамкории Техникӣ (TC)-и Агентии Байналмилалии Энергетикаи Атомӣ (МАГАТЭ) барои давраи 2024-2025 баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Институти гастроэнтерология, Хадамоти санитарӣ-эпидемологӣ, Маркази нигоҳдории партовҳои радиоактивии шаҳри Душанбе, Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои марбута ширкат варзиданд.
Намояндагони Агентӣ оид ба амнияти ХБРЯ-и Академияи Миллӣ оид ба натиҷагирии лоиҳаҳои амалишуда хабар доданд ва нақшаҳои минбаъдаро барои пешниҳоди лоиҳаҳои нав барои солҳои 2024-2025 муҳокима карданд. Намояндагони вазорату идораҳо ба Агентӣ оид ба амнияти ХБРЯ-и Академияи Миллӣ барои дастгирии доимӣ дар татбиқи лоиҳаҳои МАГАТЭ дар Тоҷикистон изҳори сипос карданд. Иштирокчиён оид ба иҷрои самараноки лоиҳаҳо ва пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ табодули афкор намуданд.
Намояндагони Агентӣ оид ба амнияти ХБРЯ тавсифи дурусти пур кардани шаклҳо барои пешниҳоди лоиҳаҳо тавассути барномаи TC-и МАГАТЭ барои давраи 2024-2025-ро нишон доданд.
Дар охири вохӯрӣ видеои кӯтоҳе оид ба дастгирии Барномаи Ҳамкории Техникӣ ба давлатҳои узви МАГАТЭ намоиш дода шуд.