Семинар оид ба ташкили кори бо аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилоти ҳавзҳои партовҳои вилояти Суғд.
20 – 21 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе семинар оид ба ташкили кор бо аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳалли мушкилоти хвостохранилишҳои вилояти Суғд дар доираи татбиқи Консепсияи миллии рекултиватсияи хранилищ партовҳои радиоактивии истеҳсоли уран дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Суғд, мутахассисони Филиали Агентии амнияти ХБРЯ ва намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои иттилоърасонӣ ба аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор оид ба хранилищҳои партовҳои радиоактивӣ, амнияти радиатсионӣ, мониторинг ва роҳҳои ҳалли мушкилоти рекултиватсияи хвостохранилишҳои вилояти Суғд баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳое, ки дар онҳо иншооти меросии уран ҷойгиранд, ва пешниҳодҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ муҳокима гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Институти марказии лоиҳакашии технологии (ҶСК «ТСЛИ», шӯъбаи ширкати “ТВЭЛ” – Ширкати сӯзишвории Росатом) озмуни таҳияи ҳуҷҷатҳои корӣ ва иҷрои корҳои дар майдони “Табошар” Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Рекултиватсияи қаламравҳои давлатҳое, ки таҳти таъсири истеҳсоли уран қарор гирифтаанд», бурд кардааст ва интизор меравад, ки имсол корҳои амалии он оғоз шаванд.
Аз ин рӯ, масъалаҳои иттилоърасонӣ ба аҳолӣ, ҷонибҳои манфиатдор ва соҳибкорон дар самти рекултиватсия мавзӯи саривақтӣ ба шумор меравад.
Гузаронидани чунин семинарҳо ба котиботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Суғд кӯмак мекунад, ки самти мазкурро беҳтар дарк кунанд ва иттилоотро ба аҳолӣ ва ҷонибҳои манфиатдор дуруст пешниҳод намоянд.
Дар анҷоми семинар як қатор пешниҳодҳо доир ба лоиҳаи мазкур ироа гардид ва масъалаи тамдиди муҳлати он низ баррасӣ шуд.
Ин семинар аз ҷониби Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо дастгирии САҲА дар доираи лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои барқарорсозии объектҳои мероси уранӣ дар Осиёи Марказӣ, Фазаи II» баргузор гардид.