Нишасти машваратии байниидоравии русӣ-тоҷикӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ
16 август дар шаҳри Душанбе вохӯрии машваратии байниидоравии русӣ-тоҷики оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ баргузор гардид. Аз ҷониби Тоҷикистон намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази миллии ташхиси ветеринарӣ, Кумитаи амнияти озуқаворӣ, Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти тадқиқоти пешгирикунандаи тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти мушкилоти амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Агентии химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иштирок доштанд.
Аз ҷониби Русия намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷии Русия, Вазорати саноат ва тиҷорати Русия, Роспотребнадзор, Вазорати тандурустии Русия, Маркази иттилоотию таҳлилӣ ФГБУ "ВНИИЗЖ" Рособлхозназорат, Агентии федералии тиббию биологӣ ва Сафорати Русия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба Ёддошти тафоҳум байниҳукуматии дуҷониба оид ба таъмини амнияти биологӣ ва ҳамкории минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мубодилаи арзёбии таҳдидҳои амнияти биологӣ дар фазои кишварҳои ИДМ баргузор гардид.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ дар бораи муносибати Русия ва Тоҷикистон ба масъалаҳои амнияти биологӣ, ҳамкории минбаъда ва ҳамоҳангсозии ҳамкории созанда дар шакли дуҷониба ва дар майдонҳои махсуси бисёрҷониба, бахусус дар чорчӯбаи Конвенсияи манъи силоҳҳои биологӣ ва токсинӣ, СПАД, ИДМ ва САҲС баррасӣ шуд.