66-умин ҷаласаи Конференсияи генералии ОММТ
Аз 26 то 30 сентябр, намояндагони 175 кишвари аъзои ОММТ дар муассисаҳои марказии Агентӣ дар шаҳри Вена, Австрия, барои иштирок дар ҷаласаи 66-уми Конференсияи генералии ОММТ ҷамъ омаданд.
«Кори мо барои кумак ба кишварҳои аъзо дар ҳалли баъзе аз муҳимтарин мушкилоти рушди ҷаҳонӣ идома дорад», — изҳор намуд Директори генералӣ Рафаэл Мариано Гросси зимни ифтитоҳи Конференсия. Ӯ дар бораи фаъолияти ОММТ дар самтҳои тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, ифлосшавии муҳити зист бо пластик ва бемориҳои зоонозӣ муфассал маълумот дода, аз натиҷа ва дастовардҳои Агентӣ дар давоми як соли гузашта гузориш дод.
Дар давоми як ҳафта, вакилон масъалаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард — аз гузориши солонаи соли 2021 ва буҷаи соли 2023 то роҳҳои тақвияти фаъолияти вобаста ба илм, технология ва истифодаи энергияи ҳастаӣ, инчунин тадбирҳо дар соҳаи амнияти ядроӣ ва физикӣ ва беҳтар намудани муассирӣ ва самаранокии кафолатҳои ОММТ. Онҳо ҳамчунин масъалаҳои амнияти ядроӣ ва физикӣ ва татбиқи кафолатҳоро дар Украина, инчунин дар Ховари Миёна ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея баррасӣ мекунанд.
Ҷаласаҳои Конференсияи генералӣ, ки дар толори умумӣ баргузор мегарданд, аз ҷумла суханронии шахсони расмӣ ва вакилон, мустақиман барои ҷомеаи васеъ пахш карда мешаванд. Бо ҳуҷҷатҳое, ки дар миёни вакилон паҳн мешаванд, метавон аз пайванди зерин шинос шуд.
Чорабиниҳои ҳамзамон ва экскурсияҳо
Дар тӯли ҳафта, ОММТ ва кишварҳои аъзои он наздики 80 чорабинии ҳамзамон баргузор мекунанд, ки баъзеи онҳо мустақиман пахш мешаванд ва барои ҷомеаи васеъ дастрас мебошанд. Ин чорабиниҳо паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ОММТ-ро фаро мегиранд — аз ташаббусҳои ҷорӣ дар бахши тандурустӣ ва энергетикаи ҳастаӣ то манбаъҳои омӯзиши электронӣ ва ҷараёни навсозии лабораторияҳои Агентӣ дар Зайберсдорф.
Дар яке аз чорабиниҳо бо унвони «Усулҳои ҳастаӣ — калиди кушодани асрори зиёде», мутахассисоне, ки дар лоиҳаи минтақавӣ дар Аврупо ширкат доранд, нишон медиҳанд, ки чӣ гуна онҳо технологияҳои ҳастаиро барои муайян кардани маншаъ ва аслӣ будани ёдгориҳои фарҳангӣ, маводи ғизоӣ ва доруворӣ истифода мебаранд.
Дар як чорабинии дигар, натиҷаҳои охирин ва самтҳои ояндаи ташаббуси «Амалиёти ҳамгироён оид ба мубориза бо бемориҳои зоонозӣ» (ZODIAC) муаррифӣ карда мешаванд. ОММТ ташаббуси ZODIAC-ро соли 2020 барои дастгирии кишварҳо дар муайянсозии барвақт, пешгирӣ ва назорати бемориҳои зоонозӣ оғоз намуда буд. То имрӯз, зиёда аз 1000 мутахассис аз беш аз 95 кишвар дар курсҳои омӯзиши байниминтақавии виртуалӣ иштирок кардаанд.
Дар Конференсияи генералии соли гузашта, ОММТ Платформаи реакторҳои модулӣ (ММР) ва истифодаи онҳоро муаррифӣ намуд. Дар чорабинии имсола натиҷаҳои яксолаи ин ташаббус, аз ҷумла Портали нави ММР ва ҳадафҳои стратегии Агентӣ оид ба густариши ҷаҳонии истифодаи ММР ва амалӣсозии лоиҳаи байниминтақавии ММР ва микро-реакторҳо муаррифӣ мешаванд.
Соли ҷорӣ, ОММТ мӯҳрҳои насли навро муаррифӣ намуд. Мӯҳрҳо яке аз абзорҳои асосие мебошанд, ки нозирони кафолатҳо барои санҷиши истифодаи маводи ҳастаӣ бо мақсадҳои сулҳомез истифода мекунанд. Дар як чорабинии махсус, истифодаи зиёда аз 28 000 мӯҳри ОММТ дар муассисаҳои ҳастаии ҷаҳон барои таҷҳизоти муҳим ва маводи ҳастаӣ муаррифӣ хоҳад шуд.
Барои қайди 18-солагии барномаи Агентӣ оид ба амнияти физикии ҳастаӣ дар чорабиниҳои калони ҷамъиятӣ (КОМ), таҷрибаҳои кишварҳо ва тағйиротҳои дарпешистода дар барнома ба баррасӣ гирифта мешаванд. Кишварҳое, ки дар соли 2022 барои чорабиниҳои калони ҷамъиятӣ кӯмаки Агентиро дарёфт намудаанд, таҷрибаи худро мубодила хоҳанд кард.
Чорабиниҳои дигар мавзӯъҳои зеринро фаро мегиранд: ташаббуси КОМПАСС, низоми огоҳсозии ҳолатҳои фавқулодда, системаи иттилоотии партовҳои радиоактивӣ (SRIS), ҷалби мутахассисон ба Агентӣ (чорабинии виртуалӣ), саҳми лабораторияҳои Зайберсдорф ба дипломатияи илмӣ, 20-солагии созишномаи АРАЗИЯ, истифодаи технологияҳои ҳастаӣ барои мубориза бо ифлосшавии пластик («NUTEC Plastics») ва ғайра.
Экскурсияҳо барои вакилон ва намояндагони ВАО ба чунин муассисаҳо, аз ҷумла Маркази ҳолатҳои фавқулодда, Лабораторияи хадамоти радиатсионӣ, Лабораторияи гидрологияи изотопӣ ва дигар лабораторияҳои кафолатӣ баргузор мегарданд. Илова бар ин, вакилон метавонанд ба лабораторияҳои истифодаи ҳастаӣ дар Зайберсдорф, 35 км ҷанубтар аз Вена, ташриф оваранд. Барои баъзе экскурсияҳо сабти пешакӣ талаб мешавад.
Форуми илмӣ оид ба муолиҷаи саратон
Ҳамзамон бо Конференсияи генералӣ, 27–28 сентябр, ОММТ Форуми илмии ҳамасоларо бо мавзӯи «Нурҳои умед: муолиҷаи саратон барои ҳама» баргузор мекунад. Ташаббуси «Нурҳои умед» барои беҳтарсозии дастрасии кишварҳо ба хизматрасониҳои онкологӣ нигаронида шудааст.
Форум, ки панҷ ҷаласаро дар бар мегирад, ба нақши технологияҳои радиатсионӣ дар ташхис ва муолиҷаи беморони саратонӣ бахшида мешавад. Баррасии имконот барои беҳтарсозии сифати хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани муассисаҳои минтақавии онкологӣ ва тайёр кардани мутахассисон аз мавзӯъҳои асосӣ хоҳад буд. Инноватсияҳо дар соҳаи таълим ва илм ва васеъ намудани дастрасӣ ба технологияҳои радиатсионӣ низ муҳокима хоҳанд шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва соҳавӣ баромад мекунанд. Директори генералӣ Гросси дар маросими ифтитоҳ иштирок хоҳад кард ва дар баҳси сатҳи баланд дар ҷаласаи охирин барои таъкид кардани аҳамияти ҳамкорӣ ва шарикӣ дар дастрасии глобалӣ ба табобати саратон иштирок мекунад.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи генералӣ иборат аз Илҳом Мирсаидзода – Директор, Фаридун Назаров – Котиби илмӣ ва Фарҳод Ҳамидов – Сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба ҳодисаҳои ХБРЯ Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки мақомоти танзимгари давлатӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ мебошад.
Пахши мустақими ҷаласаҳои форум тавассути истинод дастрас аст, ва бо барномаи он дар ин саҳифа шинос шудан мумкин аст.
Маълумоти бештар дар истиноди зерин:
🔗 https://www.iaea.org/ru/newscenter/news/predstoyashchaya-nedelya-magate-provodit-ezhegodnuyu-generalnuyu-konferenciyu