Мулоқоти намояндагони Агентии амнияти ҳастаӣ, химиявӣ, биологӣ ва радиологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Раёсати кафолатҳои ОММТ
Дар рӯзҳои 27 сентябри соли 2022, дар чорчӯби 66-умин сессияи Конфронси Генералии МАГАТЭ, мулоқоте байни Илҳом Мирсаидзода – Директор ва Фарҳод Ҳамидов – Сардори шӯъбаи литсензия, тафтишот ва посух ба ҳодисаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбар ва кормандони Раёсати кафолатҳои МАГАТЭ баргузор гардид.
Масъалаҳои тафтишот аз муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки маводи ҳастаӣ истифода мебаранд, аз ҷониби тафтишгарони Агентии ХБРЯ-и НАНТ ва пешниҳоди ҳисоботҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳо тибқи Созишномаи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ (СПҲ) ва Протоколи иловагӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб кардааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин масъалаҳои пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои электронии Портали изҳоротҳои давлатӣ (State Declaration Portal) баррасӣ шуданд. Пешниҳоди ҳисоботҳо пас аз оғози ин портал хеле осон ва тезтар шудааст.
Зарурати баргузории курсҳои омӯзишӣ ва машваратҳои минтақавӣ таъкид шуд, инчунин таваҷҷӯҳ ба омӯзиши кадрҳо дода шуд.
Роҳи махсуси барномаи INSEP-и Вазорати энергияи ИМА дар тайёр кардани тафтишгарони Агентии ХБРЯ-и НАНТ таъкид гардида, миннатдорӣ ба онҳо изҳор шуд. Ҳамчунин тафтишгарони МАГАТЭ барои ширкат дар курсҳои оянда, ки Агентии ХБРЯ-и НАНТ бо барномаи INSEP-и Вазорати энергияи ИМА якҷоя баргузор хоҳад кард, даъват шуданд.