Мулоқоти директорони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони шуъбаи ҳамкории техникӣ-и МАГАТЭ
Дар санаи 28 сентябри соли 2022 дар доираи 66-умин ҷаласаи Конфронси Генералии МАГАТЭ мулоқот байни Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ва намояндагони шуъбаи ҳамкории техникӣ-и МАГАТЭ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи нақшаи амал дар доираи лоиҳаҳои миллию минтақавӣ, ки дар доираи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо МАГАТЭ амалӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешравӣ ва мушкилоти бандҳои иҷронашудаи нақшаи амал ва нақшаҳои солҳои оянда муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин рушди татбиқи лоиҳаҳои миллии МАГАТЭ, ки дар марказҳои онкологии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд амалӣ мешаванд, ва омодагӣ ба татбиқи лоиҳа дар Маркази онкологии шаҳри Кӯлоб баррасӣ гардид.
Илҳом Мирсаидзода, директорони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ изҳори сипос ба шуъбаи ҳамкории техникӣ барои амали намудани лоиҳаҳои ҷорӣ ва оянда дар Тоҷикистон намуд ва қайд кард, ки Ҳукумати кишвар низ як қатор чорабиниҳоро барои беҳтарсозии инфрасохтори марказҳои зикршудаи онкологӣ пешбинӣ намудааст.
Дар охири мулоқот қадамҳои минбаъда барои татбиқи самараноки лоиҳаҳои ҷорӣ ва оянда дар Тоҷикистон муайян карда шуданд.