Маросими ба истифода додани детекторҳои муосири ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар гузаргоҳи гумрукии «Фотехобод»
Рӯзи 6 октябри соли 2022 дар гузаргоҳи гумрукии «Фотехобод» маросими ба истифода додани детекторҳои муосири ҳастаӣ ва радиатсионӣ баргузор гардид, ки бо мақсади пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи нобудии дастаҷамъӣ ва дар доираи иҷрои нақшаи миллии амали Барномаи Амнияти СММ №1540, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №54 аз 9 феврали соли 2016 тасдиқ шудааст, сурат гирифт. Дар маросим Раиси Хадамоти Гумрук – Хуршед Каримзода, Директори Агентӣ оид ба амнияти кимиёӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ – Илҳом Мирсаидзода ҳамчун координатори миллӣ ва Дабири якуми Барномаи амнияти ҳастаии миллӣ аз Вазорати Энергетикаи ИМА – Фрэнк Роуз иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин лоиҳа таҷҳизоти шабеҳ дар гузаргоҳҳои гумрукии «Дусти», «Панҷи Поён», «Гулистон», «Саразм» ва дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе насб карда шудааст. Ҳамчунин корҳо барои насби детекторҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Лоиҳа инчунин пешбинӣ мекунад, ки таҷҳизоти дастӣ барои пешгирии тиҷорати ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ ва омӯзиши кормандони Хадамоти гумрук оид ба истифодаи ин таҷҳизот таъмин карда шавад. Дар солҳои оянда насби таҷҳизоти шабеҳ дар дигар гузаргоҳҳои гумрукӣ ва фурудгоҳҳо низ дар назар аст. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки воситаҳо ва таҷҳизоти махсус дар мавзеи сарҳад бо Афғонистон ва дигар сарҳадҳои «сабз» муқаррар карда шаванд.