Маросими расмии супоридани таҷҳизот ба Хизматрасонии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 октябри соли 2022 дар доираи иҷрои Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Қарори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид №1540 маросими расмии супоридани таҷҳизот ба Хизматрасонии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросим хонум Кристин Бент ва ҷаноби Кэвин Рошдиеҳ аз Идораи ошкорсозӣ ва пешгирии қочоқи ашёи ҳастаӣ Вазорати энергетикаи ИМА, Ноиби якуми Раис — Фармондеҳи Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раджабали Раҳмоналӣ ва Илҳом Мирсаидзода, Директори Агентии химиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ, ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ иштирок доштанд.
Ба Қувваҳои сарҳадӣ таҷҳизоти шабнамо, либоси махсус ва термовизорҳо барои таҳкими амнияти марз бо Афғонистон супорида шуд.
Ин кӯмаки техникӣ дар доираи лоиҳаи Идораи ошкорсозӣ ва пешгирии қочоқи ашёи ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА оид ба таъмини амнияти сарҳадҳои сабз, ки ба тақвияти инфрасохтори Хизматрасонии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марзи Афғонистон нигаронида шудааст, расонида шуд. Вазорати энергетикаи ИМА аз соли 2013 бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи ҳастаӣ ва радиологӣ ҳамкории наздик дорад.
Лоиҳа таҳвили либоси махсус, таҷҳизоти амалиётӣ дар муҳити кӯҳӣ, либоси ҳифозатӣ барои тоза кардани минаҳо, таҷҳизоти шабнамо, дурбинҳо, якчашмаҳо, воситаҳои алоқаи радиоӣ, нақлиёти махсуси низомӣ ва воситаҳои нақлиётӣ бо таҷҳизоти ҳассос барои дастгирии амалиётҳои зидди қочоқ ва ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиологӣ мебошад.