Маросими супоридани таҷҳизот ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи миллӣ бо дастгирии МАГАТЭ
Маросими супоридани таҷҳизот ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи миллӣ бо дастгирии МАГАТЭ
28 октябри соли 2022 дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маросими супоридани таҷҳизот дар доираи лоиҳаи миллӣ МАГАТЭ TAD/5/006 «Истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва молекулавӣ барои ташхис ва назорати бемориҳои сарҳадӣ» баргузор гардид.
Дар маросим Ильхом Мирсаидзода, директори Агентии химиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаии Тоҷикистон ва координатори миллии барномаҳои ҳамкории техникии МАГАТЭ, ҳамчунин Раджабмурод Атовуллозода, директори Институт иштирок карданд.
Лоиҳа аз соли 2019 амалӣ мешавад. Лабораторияҳои институт бо таҷҳизоти муосир, аз қабили биобоксҳо, центрифугаҳо, термостатҳо, яхдон ва сармаконҳо (-40, -80), шейкерҳо, ридерҳо ва ғайра муҷаҳҳаз шудаанд.
Лаборатория тибқи стандартҳои байналмилалӣ таҷҳиз шуда, бо системаи батареяҳои офтобӣ пайваст мебошад, ки имконият медиҳад таҷҳизот бо нерӯи табиӣ кор кунад.
Лаборатория дорои ҳуҷраҳо барои ташхиси бемориҳои сироятӣ ва зоонозӣ бо усулҳои анъанавӣ ва муосир (ELISA, real time RT-PCR), инчунин ҳуҷраҳои ҷудо кардани бактерияҳо ва вирусҳо мебошад.
Панҷ корманди ҷавони институт дар Македонияи Шимолӣ ва як нафар дар Австрия таълим гирифта, баъд аз он донишҳои худро дар ташхиси бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зоонозӣ, бо истифода аз таҷҳизоти нав ба кор бурданд.
Яке аз натиҷаҳои асосии лоиҳа мутобиқ кардани лабораторияҳо бо стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ISO17025, мебошад, ки қобилияти илмӣ ва техникии институтро такмил медиҳад.
Таъҷизот барои назорати бемориҳои сироятӣ ва вазъи эпизоотикии ҳайвонот, махсусан зоонозҳо, мусоидат хоҳад кард.
Бо сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олимони институт бо татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ҳамкории худро бо муассисаҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ тақвият дода, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқаворӣ мегузоранд.