Дарсҳои касбшиносӣ барои хонандагони мактабҳои миёна
Дар доираи фаъолияти Шӯъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» ҷиҳати тарғиби шавқ ба илм дар байни ҷавонон, аз 7 то 10 феврали соли 2023 бо хатмкунандагони мактабҳо, аз ҷумла бо духтарони ҷавон, машғулиятҳои касбшиносӣ баргузор гардиданд.
Ҳангоми мулоқот бо хатмкунандагони мактабҳо ва духтарони ҷавон, Гайбуллоева З.Х. дар бораи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ омода мешаванд, барномаҳои таълимии муосир ва шароити тайёр кардани мутахассисони баландихтисос муфассал маълумот дод.
Хатмкунандагон, бахусус духтарон, ба идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ба даст овардани ихтисос таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар рафти мулоқот саволҳои зиёде оид ба ихтисосҳои илмҳои дақиқ ва муҳандисӣ, давомнокии таҳсил ва шаклҳои он, шароити зист ва таҷҳизоти муосири лабораторияҳо, имкониятҳои бо кор таъминшавӣ пас аз хатми таҳсил ва ғайра пешниҳод шуданд.
Гайбуллоева З.Х., ба саволҳои хатмкунандагон ва духтарон посух дода, оид ба нақши шахси босавод дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд, нақши занони босавод дар ҷомеа ва оила, иштироки занони босавод дар илм ва фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон ва духтарони ҷавон, ки дар як қатор ҳуҷҷатҳои расмӣ инъикос ёфтааст, суҳбат баргузор намуд.