Ҷаласаи солонаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
29 декабри соли 2020 дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АЯРБ НАНТ) ҷаласаи солона баргузор гардид.
Дар сухани ифтитоҳии худ директори Агентӣ – Илҳом Мирсаидзода зикр намуд, ки сарфи назар аз соли мушкил, ки бо пандемия марбут буд, аксари вазифаҳои пешбинишуда амалӣ гардиданд, аз ҷумла:
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
имзои меморандуми ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки ҶТ;
кӯчидан ба бинои нав;
оғози сохтмони филиали нав дар вилояти Суғд;
оғози сохтмони бинои нави озмоишгоҳи ХБРЯ;
дастрас намудани таҷҳизоти нав барои озмоишгоҳ;
ободонии ҳудуди маркази таълимӣ ва озмоишгоҳ, аз ҷумла шинонидани тақрибан 200 ниҳол.
Ба таъсиси клуби «Занони ядроӣ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамчунин, аввалин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши занони донишманд дар рушди илм, навовариҳо ва технология» баргузор гардид. Илҳом Мирсаидзода итминон изҳор намуд, ки дастгирии занони донишманд дар ҳамаи ибтикорҳо зарур аст.
Сипас, директор вазифаҳо ва дурнамои соли 2021-ро баррасӣ намуд:
омодасозии кадрҳо дар соҳаи амнияти биологӣ;
таҷрибаомӯзии кормандон дар самти назорати дозиметрӣ;
ба истифода додани озмоишгоҳ;
додани иҷозатномаҳо;
пешниҳоди хизматрасониҳои озмоишгоҳи калибронӣ;
таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.
Дар ҷараёни ҷаласа маърӯзаҳои роҳбарони шуъбаҳо ва бахшҳои АЯРБ дар бораи дастовардҳо, камбудиҳо ва нақшаҳо барои соли 2021 шунида шуданд.
Дар интиҳои ҷаласа директори АЯРБ НАНТ ҳамаи кормандонро бо иҷрои вазифаҳои соли 2020 табрик намуда, барои саҳми арзанда дар рушди Агентӣ ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо супорид.