ҶАЛАСАИ ДАР МАВЗУИ “НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ФИЛИАЛИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХБРЯ АМИТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
23 декабри соли 2025, дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд, ҷаласаи дар мавзуи «Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо сухани директори Филиал, номзади илмҳои техникӣ, К.А.Эрматов оғоз гардид ва кормандон бо маърузаҳои худ суханронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки аҳамияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳур ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва стратегӣ, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаро барҷаста арзёбӣ намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро баҳри истиқболи сарбаландонаи 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳнамоиӣ менамояд.