Мулоқоти директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 23 декабри соли 2025 дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мулоқоти кории директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода бо Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант, Муродалӣ Раҷабзода баргузор гардид.
Зимни мулоқот аҳамияти махсус оид ба тақвияти ҳамкории байни идоравӣ дар соҳаи амнияти миллӣ, хусусан афзоиши таҳдидҳои фаромарзӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҷузъу прекурсорҳои онҳо, инчунин маводи мухаддир, ки аз минтақаҳои ҳамсоя ворид мегардад, дода шуд.
Мавзӯи асосии мулоқоти мазкур ин баррасии масъалаҳо вобаста ба омода ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсии ҳимояи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии (ҲРХБ) Қӯшунҳои сарҳадӣ ба усулҳои муосири ошкорсозӣ, шиносоӣ, вокуниш ба таҳдидҳои ХБРЯ ва ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар гирифт.
Дар раванди мулоқот, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои зеринро муҳокима намуданд:
- ҷорӣ намудани воситаҳои муосири техникӣ барои ошкорсозӣ ва мониторинги маводҳои ХБРЯ, аз ҷумла асбобҳои сайёрии назорати радиатсионӣ, муайянкунии маводҳои химиявӣ ва скрининги биологӣ;
- рушди равишҳои ҳамгироӣ барои ошкорсозии воситаҳои нашъадор ва пайвастагиҳои хатарноки химиявӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва минтақаҳои наздисарҳадӣ;
- такмили пойгоҳи таълимӣ-методӣ ва барномаҳои омӯзишӣ бо назардошти хусусиятҳои сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;
- баргузории машқҳои муштараки таълимӣ, машқҳои махсуси тактикӣ ва симулятсионӣ, ки ба баланд бардоштани омодагии амалиётии воҳидҳо нигаронида шудаанд.
Профессор Илҳом Мирсаидзода омодагии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ-ро барои расонидани кӯмаки ҳамаҷонибаи илмӣ-методӣ, экспертӣ ва таълимӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи курсҳои махсус, ҷалби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин истифодаи таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ ва назорати сарҳадиро қайд намуд.
Генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода, дар навбати худ, аҳамияти ҳамкории системавӣ ва институтсионалӣ бо Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ-ро таъкид намуда омодагии худро барои густариш додани ҳамкориҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсӣ ва таҳкими устувории инфрасохтори сарҳадӣ нисбат ба таҳдидҳои муосир иброз намд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар фурсатҳои наздиктарин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд, ки он заминаи ҳамкории дарозмуддат ва самарабахшро фароҳам меоварад.
Лоиҳаи Ёддошти мазкур, самти ҳамкориҳои зеринро дар бар мегирад:
- ҳамоҳангсозии фаъолият ва мубодилаи иттилоот оид ба масалаи хатарҳо ва таҳдидҳои ХБРЯ дар сарҳади давлатӣ;
- омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон, аз ҷумла тайёр намудани ҳайати шахсии ҲРХБ-и Қӯшунҳои сарҳадӣ бо усулҳои муосири ошкорсозии маводҳои ХБРЯ ва маводи мухаддир;
- татбиқи чорабиниҳои муштараки таълимӣ, илмӣ-амалӣ ва омӯзишӣ;
- расонидани кӯмаки тахассусӣ - методӣ ҳангоми ҷорӣ кардани воситаҳои нави техникаи назоратӣ;
- коркарди имкониятҳо вобаста ба ҷалби кӯмакҳои байналмилалӣ, таҷҳизот ва барномаҳои омӯзишӣ тавассути механизмҳои дахлдори минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Мулоқоти баргузоргардида қадами муҳими амалӣ дар иҷрои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва ташаккули низоми устувори муқобила бо таҳдидҳои муосири ХБРЯ ва мухаддирӣ гардид.
