Семинари илмӣ дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 28 январи соли равон семинари илми-амалии баргузор гарди. Ин семинар дар доираи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ (2021-2030) ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020-2040) гузашт. Ду унвонҷуёни Институти химияи ба номи В.И. Никитин баромад карданд, ки дар он онҳо асосҳои физикию химиявии гудозиши маъданҳои Тојикистон ва тавсияҳои барои гудозиш бо усулҳои кислотагӣ ва омехтаҳои кислотаҳои мунташаъёр намуданд. Дар навбати худ, дар ин семинар мулоҳизаҳои илмӣ гузашт ва иштирокчоян саволҳои худро посул доданд.

28 январи соли равон дар доираи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)" ва дар амал татбиқ сохтани Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардид, ки дар он унвонҷӯён, ходимон ва олимони ҷавони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.

Дар доираи семинари мазкур, ду нафар унвонҷӯёни озмоишгоҳи “Коркарди ашёи хоми минералӣ”-и Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ Пулатов Ҳасан Элмуродович вобаста ба рисолаи илмии омода кардаи худ дар мавзӯи «Асосҳои физикию химиявии ҳосилкунии маҳсулотҳои борӣ аз маъданҳои боросиликатии Тоҷикистон» ва Ёрмадов Румтам Сангмадович дар мавзӯи “Асосҳои физикию химиявии гудохтани маъданҳои бордоштаи Тоҷикистон бо усули кислотагӣ” баромад кард. Баромадкунандагон дар баромади худ дарҷ намуданд, ки коркарди ашёи хоми минералии ватанӣ ба мисли боросиликатҳо, яке аз самтҳои асосии рушди истеҳсолоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти пурарзиш амалӣ карда мешавад. Инчунин унвонҷуй Ёрмадов Р. қайд намуд, ки дар рафти гузаронидани таҳқиқоти мазкур бори аввал хосиятҳои физикию-химиявии коркарди маъданҳои боросиликатии Тоҷикистон бо усули гудозиш бо кислотаи фосфат ва сулфат ба таври мукаммал тадқиқ карда шуданд ва қонуниятҳои механизми гудозиши ин боросиликатҳо омӯхташуданд. Дар навбати худ унвонҷуй Пулатов Х. дар баромади худ қайд намуд, ки барои бадаст овардани кислотаи бор ва дигар маҳсулотҳо пурарзиш аз боросиликатҳо, усули гудозиш бо омехтаи кислотаҳои хлорид ва фторид ва коркард бо оби туршро истифода карданд.
Дар интиҳои семинар мулоҳизарониҳои илмии гуногун дар мавзуҳои дар болозикргардида сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.