Иди Сада – сафири баҳор аст
Иди Сада, яке аз ҷашнҳои мавсимӣ ва мултазими мардуми ориёӣ, ҳар сол дар охири январ/баҳман таҷлил мешавад. Он дар тақвими ориёӣ онгоҳи анҷоми зимистон ва омадани баҳор аст ва бо оташи бостонӣ таъҷили мегардад. Дар Тоҷикистон, бахусус пас аз истиқлолият, ҷашни Сада бо фаровониҳои ҳунарӣ, бозиҳои насли қадим ва намоишҳои маҳсулоти ҳунармандон муайян мешавад. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, онро идҳои миллӣ ирода намудаанд. Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо Иди Сада муборакбод менамоем!
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Сада ҳар сол дар санаи 30-юми январ расман қайд карда шудааст, ҷашн мегардад.
Аз ин сабаб, қаблан ҳар яки Шуморо бо Иди Сада, ки имрӯз ботантана ҷашн гирифта мешавад, самимона муборакбод менамоем. Доир ба Ҷашни Сада, таърихи пайдоиш ва то ба замони мо расида омадани он маълумоти басо ҷолиб пешниҳод хоҳем кард.
Воқеан Сада, ки яке аз ҷашнҳои куҳани мавсимӣ ба ҳисоб меравад, дар тақвими ориёӣ мақоми хоса дорад. Ин ҷашн дар тақвими шамсии мо ба рӯзи даҳуми Баҳман, ё ба тақвими григорианӣ ба охири моҳи январ рост меояд. Он на танҳо рамзи анҷоми зимистон, балки эҳтиром ба Митра ва анъанаҳои оташпарастӣ аст.
Ин ҷашнро "Ҷашни оташ" низ меноманд, зеро ҳангоми таҷлили он оташ даргиронида мешавад. Дар манбаъҳои таърихӣ ва адабӣ дар бораи пайдоиши Сада ва тафсири он андешаҳои гуногун баён шудаанд. Сабаби Сада номида шудани ин ҷашн дар он аст, ки он аз рақами "сад" гирифта шудааст ва аз рӯзи 10-уми Баҳман то фарорасии Наврӯз 50 рӯз ва 50 шаб давом мекунад.
Манбаъҳои таърихӣ ва ковишҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки тақрибан 10-12 ҳазор сол пеш дар байни аҷдодони мардуми тоҷик ва дигар халқҳои форсӣ, дар даштҳои "Айриёнам Ваеҷа" ("Фарохнои Ориёӣ"), расму оинҳои парастиши Митра (Меҳр) ва оташи муқаддас пайдо шуда буданд. Баъдтар, дар ин замина, ҷашнҳои мавсимӣ ба монанди Шаби Ялдо ва Ҷашни Сада аз рӯи ҳаракати бурҷҳои осмон, Офтоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ муайян карда шуданд.
Дар асарҳои Абурайҳони Берунӣ зикр шудааст, ки гузаштагони мо шабу рӯзро алоҳида мешумориданд ва якҷоя 100 шабу рӯзро ташкил медоданд. Ҷашни Сада рамзи поёни рӯзҳои сарди зимистон дар охири зимистони тӯлонӣ буда, хабари омадани баҳорро меовард. Дар шаби Сада, мардум, бахусус деҳқонон, бори дигар Худои рӯшноӣ ва гармӣ - Митра (Меҳр)-ро ба ёд оварда, оташҳои калон афрӯхтанд ва дар атрофи онҳо шодӣ мекарданд. Сада рамзи хушбахтӣ, рӯшноӣ аст ва бо маросими бошукуҳи оташсӯзӣ омадани баҳор, Наврӯзро мужда медиҳад.
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо то замони ҳукмронии Ғазнавиён ва Салҷуқиён ва ҳуҷуми муғулҳо дар баъзе минтақаҳо дар байни дарбориён ва мардум дар баробари ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯз таҷлил мешуд.
Пас аз асрҳои XII-XIII, бисёр анъанаҳои қадимии мардум аз ҷониби руҳониён ва подшоҳон ҷодугарӣ ва бутпарастӣ ҳисобида мешуданд ва Сада ҳамчун яке аз ин ҷашнҳо манъ карда шуд.
Ба шарофати истиқлолият, ҷашни Сада дар кишвари мо дар баробари якчанд кишварҳои дигари ҷаҳон таҷлил мешавад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Миллати тоҷик, ки дорои неъматҳои сарватманд, анъана, расму оин ва маданияти кадима дорад, ба инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Анъанаҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, дар як давраи тӯлонии таърихӣ дар тарғиби ахлоқи ҳамида ва ҷаҳони маънавии созанда нақши бузург доштаанд». Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат онҳоро идҳои расмии миллӣ эълон намудаанд, ки онҳо аз ҷонии халқи тоҷик бо тантанаҳои хоса ва нотакрор таҷлил мешаванд.
Дар ин рӯз дар маконҳои фароғатии ҷамъиятӣ намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандон, рассомон ва деҳқонони мо ташкил карда мешаванд. Дар давоми ид ҳунармандон ба иштирокчиён тарзи дӯхтани либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ бо мунчоқҳо, бофтани адрас-атлас ва дӯхтани қолинро нишон медиҳанд. Донишҷӯёни донишгоҳ ва хурдсолон бозиҳои қадимии мардумӣ, аз қабили "Ошиқбозӣ", "Арқон кашидан", "Лаппарбозӣ" ва "Ланкабозӣ"-ро намоиш медиҳанд.
Тавре ки дар боло қайд кардем, Сада яке аз иди қадимии мардуми мост ва ин идро дар байни мардум "Қосиди баҳор" низ меноманд ва он барои истиқболи иди баҳор - Наврӯз омодагӣ мебинанд.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо Иди Сада табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хонаободӣ, қалби шод ва сарбаландиву некномиро таманно менамоем!
Иди Сада муборак бод!
Директори Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд Эрматов Комилҷон