Сада – рамзи пирӯзии нур бар торикӣ
«Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, ҷашни миллӣ буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияти худро ҳифз намудааст. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст. Бо гуфтаи Абурайҳони Берунӣ “ Сада” аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо буда, ҳамрадиф ба ҷашҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон қарор дорад. Он дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пишиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо, панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд.
Дар воқеъ, Сада ҷашни куҳани мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Ин рӯз мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд.Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи фарорасии Шаби Ялдо — дарозтарин шаби сол, ки оғози моҳи дайро ифода мекунад, ё худ баъди гузаштани чиллаи калони зимистон таҷлил мешавад.Ин ҷашнро Сада меноманд, зеро вожаи он аз шумораи сад бармеояд: аз 10-уми моҳи баҳман то фарорасии Наврӯз 50 шабу 50 рӯз, яъне ҷамъан сад рӯз боқӣ мемонад.Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд.
Хуллас, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашниСада дар кишвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад, ки ин гуна иқдомҳои хирадмандона ва накӯ, боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст.
Бобоев К.О – доктор фалсафа (PhD),
Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ