Қадрдонии саҳми Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар таъмини амнияти миллӣ
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Сипосномаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Сипоснома барои саҳми арзанда дар рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобила, инчунин барои кӯмаки амалӣ дар соҳаи таъмини амнияти сарҳадии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентӣ супорида шуд.
Қадрдонии мазкур нишонаи эътирофи сатҳи баланди ҳамкории байниидоравӣ, касбияти баланди мутахассисони Агентӣ ва саҳми муассир дар таҳкими иқтидори миллӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ мебошад.
Дар сипоснома махсусан таъкид мегардад, ки ҳамкории самаранок миёни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба таҳкими амнияти сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва татбиқи чораҳои муосири ҳифз ва назорат мусоидат намудааст.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории амалии байниидоравӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва таҳкими амнияти миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ хоҳад намуд.

