Сада - ҷашни кашфи оташ ва нур
Сада — ҷашни кашфи оташ, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, ки Соли 2023 тавассути ЮНЕСКО ба мероси фарҳангии ҷаҳонии бешкишо дод. Он тақрибан тавфеъи 50 шабу 50 рӯз пеш аз Наврӯз, дар шаби 10-уми моҳи Баҳман (30 январ) таҷлил мешавад. Мувофиқи таърих, ин ҷашн аз асри XII-ум м. ё доимӣ бо одатҳои гулхан, тоза кардани асбобҳои корӣ ва пахш додани таъомҳои гарм чӣшудааст. Одатан, дар Тоҷикистон Сада бо соҳаи кишоварзӣ муттаҳам мақом дошта, намоишҳои ҳайвон, таминоти сабзи ва консертҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои бузурги ориёиҳо, хусусан, эронита-борҳо, яъне худи мо-тоҷикон мебошад, ки бинобар иттилои шабакаҳои интернетӣ ва баъзе кутуби таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ-таърихӣ, қариб то охи-рҳои асри XII милодӣ гузаштагонамон ҷашн мегирифтаанд. Дар Тоҷики-стони соҳибистиқлол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пе-швои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада мақоми давлатӣ гирифт. Соли 2023 ЮНЕСКО ҷашни Садаро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намуд, ки аз аҳамияти байналмилалии он гувоҳӣ медиҳад. Ин ҷашн рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармӣ бар сардӣ буда, маънои омодагӣ ба баҳор ва кишоварзиро дорад. Љашни Сада дар таърихи фарҳанги мо мақоми махсус дорад. Он маъмулан 50 шабу 50 рўз пеш аз фарорасии Наврӯз (шаби 10-уми моҳи Баҳман, мусобиқ ба 30-юми январ) таҷлил ме-шавад. Номи "Сада" аз адади "сад" гирифта шудааст.
Мувофиқи ривоятҳои китоби "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, асосгузори ин ҷашн шоҳ Ҳушанг мебошад. Гӯянд, ки ӯ ҳангоми шикор сангеро ба сӯи море партофт. Санг ба санги дигар бархурда, шарора ҷаст ва оташ падид омад. Ин кашфиёти бузург барои инсоният гармӣ ва рӯшноӣ овард ва аз ҳамон вақт инҷониб одамон ин рӯзро ҷашн мегиранд.
Сада на танҳо иди оташ балки иди деҳқонон низ ба шумор меравад ва анъанаҳои ба худ хосро дорост. Дар ин рӯз одамон корҳои зеринро анҷом медиҳанд.
• Афрӯхтани Гулхан: Дар майдонҳои кушод гулхани калон афрӯхта мешавад, ки рамзи офтоб ва гармиро дорад. Одамон дар гирди оташ рақсу бозӣ мекунанд.
• Омодагӣ ба Киштукор: Деҳқонон ҷӯйборҳоро тоза мекунанд, ас-бобҳои кории худро омода месозанд ва ба замин нурӣ мерезанд.
• Таъоми Миллӣ: Одатан дар ин рӯз кашк (далда) ё дигар хӯрокҳои гарми суннатӣ пухта мешавад.
Имрӯз дар Тоҷикистон Сада бештар бо соҳаи кишоварзӣ ва боғпар-варӣ пайванд дода мешавад. Ҳамасола дар ин рӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намоиш-фурӯши ниҳолҳо, тухмиҳои аълосифат ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва консертҳои бошукӯҳ баргузор мегардад.
Хулоса таваҷҷуҳ ба оташ, об ва замин дар ин ҷашн нишонаи фарҳн-ги баланди экологӣ мебошад. Он моро водор месозад, ки ба хоку оби диёр эҳтиром гузорем ва барои сабзу хуррам гардонидани Ватани хеш ҳамеша омода бошем. Сада-иди ирода, меҳнат ва пайвандгари наслҳо ва эҳёгари суннатҳои неки ниёгони мо мебошад. Ин ҷашн ба мо меомӯзад, ки табиат-ро дӯст дорем, меҳнатдӯст бошем ва ҳамеша ба сӯи рӯшноӣ ва дониш ин-тизор шавем.
Директори филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар ВМКБ: Илолов Х.
Нозири филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар ВМКБ: Ақдодв С.