Семинари илмӣ
Санаи 4 феврали соли равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур масалаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин нақшаҳо барои соли ҷорӣ вобаста ба корҳои илмии кормандон, магистрон ва докторантҳои Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи «Коркарди ашёи хоми минералӣ»-и Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ мавриди арзёбӣ ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти семинари мазкур кормандони илмӣ, магистрон ва докторантҳои Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи «Коркарди ашёи хоми минералӣ»-и Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ вобаста ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии дар тӯли ҳафтаи сипаришуда ва нақшаҳо барои соли 2026 тариқи маъруза пешниҳод намуданд.
Инчунин дар чорабинии мазкур кормандони филиалҳои Агентӣ дар вилояти Суғд, Хатлон ва ВМКБ тариқи маҷозӣ пайваст гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо сатҳу сифати корҳои илмӣ, инчунин донишҳои назариявӣ ва амалии ҳар як корманди илмиро равнақ медиҳад.
