Семинари илмӣ
Санаи 14 январи соли равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур арзёбии масоили илмӣ-таҳқиқотӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин баррасии нақшаҳои ҳафтаинаи фаъолияти кормандони илмӣ баргузор гардид.
Дарҷ намудан ба маврид аст, ки академики АМИТ, Улмас Мирсаидов тавассути баргузории чунин чорабиниҳо сатҳу сифати корҳои илмӣ ва донишҳои назариявию амалии ҳар як корманди илмиро равнақ дода, ба онҳо машваратҳои муфид бо истифода аз таҷрибаи ғании худ пешкаш менамояд.
