ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ МИРЗОЗОДА ФАРҲОД БАХОДУР ДАР МАВЗӮИ «ҲОСИЛКУНИИ КОМПОНЕНТҲОИ ФОИДАНОК БО КОРКАРДИ АШЁҲИ ХОМИ ГИЛХОКДОШТА ВА ПАРТОВҲОИ ТАГШИНИ ИСТЕҲСОЛОТИ АЛЮМИНИЙ»
Имрӯз 7 январи соли 2026 дар Шӯрои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, таҳти роҳбарии раиси Шуро, доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Улмас Мирсаидов, ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ баргузор гардад. Дар ҷаласа унвонҷӯи озмоишгоҳи сифати об ва экологияи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, Мирзозода Фарҳод Баходур дар мавзӯи «Ҳосилкунии компонентҳои фоиданок бо коркарди ашёҳи хоми гилхокдошта ва партовҳои тагшини истеҳсолоти алюминий», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.17.00 – Технологияи химиявӣ (05.17.01-Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ) зери роҳбарии Азим Иброҳим, рисолаи илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуд.