Муҳокимаи рисолаи номзадии кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Имрӯз муҳокимаи рисолаи номзадии ходими калон илмии шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Холматзода Туйчӣ Бурихон дар муассисаи пешбари Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ зери роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси 6D072000 – технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ дар мавзӯи «Асосҳои физика-химиявии коркарди маъданҳои алюминий Тоҷикистон бо истифода аз кислотаҳои минералӣ ва усули гудохтан барои ба даст овардани пайвастҳои алюминий, оҳан, коагулянтҳо ва массаҳои фарфорӣ» баргузор гардид.
Ҳимояи диссертатсияи мазкур санаи 25 феврали соли 2026 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти химияи ба номи В. И. Никитини АМИТ ва Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба нақша гирифта шудааст.
